Пайвандҳои дастрасӣ

Бордюжа: Ба Осиёи Миёна муноқишаи мусаллаҳона таҳдид намекунад


Николай Бордюжа

Николай Бордюжа

Николай Бордюжа-Дабири Кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ гуфтааст, ҳоло дар кишварҳои Осиёи Миёна сабабҳои муноқишаи мусаллаҳона вуҷуд надорад. Дар ин бора “Интерфакс”-и Русия хабар додааст.

Бордюжа гуфтааст: “Мо бовар дорем, ки ҳоло вазъ дар кишварҳои Осиёи Миёна ва кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ нисбатан ором аст. Дар он ҷо дар ин авохир таконҳои иҷтимоиву сиёсӣ мушоҳида нашудааст. Мо миёни кишварҳои минтақа ҳеҷ гуна таҳдиди воқеии муноқишаи мусаллаҳонаро намебинем”. Вале Бордюжа гуфтааст, имкони убури афроди мусаллаҳи Толибон аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Миёна вуҷуд дорад.

Николай Бордюжа ин нуктаро рӯзи чаҳоршанбе дар як конфронс изҳор дошт.
Русияву Беларус, Арманистону Қазоқистон ва Тоҷикистону Қирғизистон узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ мебошанд.
XS
SM
MD
LG