Пайвандҳои дастрасӣ

Сергей Кобцев аз раёсати "Сангтӯда-1" барканор шудааст


Бо тасмими Шӯрои мудирони Ҷамъияти муштараки саҳомии “Сангтуда 1” Сергей Кобцев аз мақоми раиси кулли ин ҷамъият барканор ва ба ҷои вай Павел Лавров таъйин шудааст. То ҳол Лавров муовини раиси иттиҳодияи ҷамъияти саҳомии “Ниругоҳи Экибастуз ГРЭС-2”-и Қазоқистон буд.

Вай дар мақоми нав Сергей Кобцевро иваз кард. Кобцев акнун раиси кулли ҷамъияти саҳомии “Теласи” дар Гурҷистон хоҳад буд.

Русия 75 дарсади саҳмияи ниругоҳи “Сангтӯда-1”-ро дар ихтиёр дорад ва вақтҳои ахир миёни “Барқи Тоҷик” ва раҳбарияти “Сангтӯда-1” бар сари пардохти қарзҳо баҳсҳое ба миён омада буд.
XS
SM
MD
LG