Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳисоботию интихоботии Ассамблеяи XIII кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дубора президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар интихоб гардид.

Ин ҷаласа имрӯз, 3-юми апрел дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба ин вазифа аъзои Ассамблеяи Кумитаи миллии олимпии кишвар пешбарӣ карданд ва ӯ ягона номзад буд. Бар асоси Оинномаи КМО ҶТ президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар барои чаҳор сол (2013-2016) интихоб шудааст.

Дар ин ҷаласа Маликшо Неъматов, муовини аввали раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар бораи фаъолияти ин кумита дар давраи солҳои 2009-2012 ҳисобот дод. Вай гуфт, дар давраи ҳисоботӣ варзишгарони тоҷик нахуст дар аввалин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур 2 медал (як нуқра ва як биринҷӣ), дар Бозиҳои XVI осиёӣ дар Гуанҷоуи Чин 4 медал (як тилло ва 3 биринҷӣ) ва дар Олимпиадаи Лондон як медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Ҷаноби Неъматов доир ба рафти татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо варзишгарони кишвар 20-уми декабри соли 2010-ум баён гардидаанд, иттилоъ дод.


Тавре ӯ зикр кард, тибқи ин супоришҳо Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2011-2015 қабул гардида, маблағгузории соҳа 2 баробар афзун шуд. Дар доираи татбиқи барномаи мазкур ва ҳамчунин бо ташаббуси вазорату идораҳои давлатӣ ва соҳибкорони фаъоли кишвар дар ду соли ахир дар ҷумҳурӣ бо харҷи 250 миллион сомонӣ 2500 иншооти варзишӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Танҳо бо маблағгузории Мудирияти сохтмони иншооти ҳукуматӣ дар 8 шаҳру ноҳияи кишвар варзишгоҳҳои бузург дар ҳоли сохтмон қарор доранд, ки 5-тоаш дар соли 2013 мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Ҳамчунин лоиҳаи варзишгоҳи бузург, ки ғунҷоишаш 50 ҳазор тамошогар аст, таҳия шуда, барои сохтмони он дар шаҳри Душанбе қитъаи замин ҷудо шудааст.

Ҷаноби Неъматов таъкид намуд, ки дар баробари пешравиҳо дар варзиши тоҷик ҳанӯз камбудиву масоили ҳалталаб зиёданд. Ин пеш аз ҳама ба маблағгузории соҳа бастагӣ дорад. Бо як буҷаи давлат пеш бурдани варзиши касбӣ душвор аст. Мо имрӯз талош дорем, ки барои ҳалли ин масъала сарпарастонро ҷалб созем. Бояд гуфт, ки барои тайёр кардани як варзишгар ва аз ӯ умедвор шудани натиҷаҳои баланд дар мусобиқоти ҷаҳониву Бозиҳои олимпӣ дар як сол камаш 200 ҳазор доллари амрикоӣ зарур аст.

Шариф Давлатов, раиси Федератсияи вазнабардории Тоҷикистон, Сафаралӣ Боев, раиси Кумитаи паралимпии Тоҷикистон, Исматулло Хоҷаев, дабири кулли Федератсияи таэквондо (WTF)-и Тоҷикистон, Бобоҷон Маҳмадрасулов, раиси Федератсияи бокси Тоҷикистон, Зебуннисо Рустамова, раиси Созмони олимпичиёни Тоҷикистон ва Нарзулло Латифов, раиси Ассотсиатсияи хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон, дар ин ҷаласа барои рушди минбаъдаи варзиши ҳирфаӣ дар кишвар пешниҳодҳо карданд.

Вакилони ҷаласа ба фаъолияти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ баҳои қаноатбахш дода, ҳамчунин, аъзои нави кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии кишварро иборат аз 11 нафар интихоб намуданд.

Бар асоси Оинномаи КМО ҶТ бо пешниҳоди раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Маликшо Неъматов муовини аввали раиси КМО ҶТ, Баҳрулло Раҷабалиев дабири кулл ва Муҳаммадшо Абдуллоев мудири кулли КМО ҶТ таъин шуданд.

Федератсияҳои миллии намудҳои олимпӣ - бокс, варзиши сабук, гуштии озод ва юнониву румӣ, дзюдо, таеквон-до WTF ва футбол аъзои кумитаи иҷроияи КМО ҶТ интихоб гардиданд.

Дар ин ҷаласа, ҳамчунин, ба роҳбарони мақомоти давлатӣ, федератсияҳою созмонҳои варзишӣ ва сарпарастон, ки дар рушди варзиш ва тарғибу ташвиқи ҳаракати олимпӣ дар кишвар саҳми арзанда гузоштаанд, Сипосномаи КМО ҶТ супурда, инчунин, беҳтарин мураббиён бо мукофоти молӣ сарфароз шуданд.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG