Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли як нафар дар муноқишаи байнихудии тоҷикон дар Маскав


Бар асари муноқишаи байнихудӣ миёни шаҳрвандони Тоҷикистон дар Маскав, як нафар ба қатл расидааст.

Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Россия иттилоъ дод, ки рӯзи 1-уми апрели 2013, дар шаҳраки «1- май»-и шаҳри Балашихаи вилояти Москва, байни шаҳрвандони Тоҷикистон муноқиша бархост, ки дар натиҷа як сокини ноҳияи Ванҷ аз зарби тири туфангча кушта шудааст.

Дафтари матбуотии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 3--юми апрел ба "Озодӣ" иттилоъ дод, ки ду рӯз қабл чаҳор нафар сокинони ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ (ному насабашон номаълум) дар кӯчаи Проектируемий ноҳияи Измайловои Маскав дар наздикии Маркази тиҷоратии Новочеркизовский, шаҳрванд Малики Сафаралӣ, сокини деҳаи Рованди ноҳияи Ванҷро тавассути туфангча мепарронданд, ки тақрибан соати 21:00 дар беморхонаи клиникии шаҳри ҷон медиҳад.

Ҳодисаи мазкур пас аз рух додани муноқиша миёни сокинони ҷамоати Язгулом бо сокини деҳаи Бунайи Ванҷ Талабшо Асоев дар таърихи 1-уми апрел рух медиҳад, ки дар натиҷа Талабшо Асоев аз зарби корд захмӣ гардида, дар беморхонаи клиникии 14 ноҳияи Соколникии шаҳри Москва бистарӣ мешавад.

Дар ҳоли ҳозир кормандони намояндагии Хадамоти муҳориҷати Тоҷикистон дар Русия дар ҷойи ҳодиса бо кормандони Шуъбаи тафтишотии ноҳияи Измайлово вазъи ба амаломадаро баррасӣ доранд. Феълан, Шуъбаи тафтишотии ноҳияи Измайлово барои ҳамаҷониба таҳқиқи кардани ин ҳодиса, гуруҳи фаврӣ-ҷустуҷӯӣ таъсис додаст.
XS
SM
MD
LG