Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи нави Гулнора, ё набард барои тахту тоҷ?


Блоги аввали Гулнора Каримова алайҳи Рустам Азимов

Блоги аввали Гулнора Каримова алайҳи Рустам Азимов

Ҳамлаи навбатии Гулнора Каримова ба Рустам Азимов ва барканории ҳокими Тошканд чӣ маъно дорад? Оё ин оғози набард барои тахти Каримов нест?

Гулнора – духтари калонии раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов- дар Twitter дигарбора ба муовини сарвазир ва вазири молия Рустам Азимов ҳамла кардааст. Гулнора дар саҳифааш дар ин шабакаи иҷтимоӣ сарвати Рустам Азимовро 4 миллиард доллар баршумурда, ҳадс мезанад, ки ин пул бо роҳҳои қонунӣ ба дасти ӯ наомадааст. Ӯ ҳамчунин баёнияҳои корбарони дигари Twitter-ро нашр карда, ки Азимовро “қаллоб”-е мехонанд, ки “роҳҳои оқилонаи дуздии пул”-ро эҷод кардааст.


Рустам Азимов

Рустам Азимов

Гулнора Каримова ҳафтае пеш дар Twitter Азимовро ба тахаллуф дар тендерҳои Узбакистон айбдор карда буд. Азимов 55 сол дошта, аз соли 2008 муовини сарвазири Узбакистон аст. Бисёриҳо ӯро дар қатори Гулнора Каримова аз ворисони эҳтимолии тахти Каримов мешиносанд. Синни Каримов, ки аз соли 1989, инак 24 сол боз бар Узбакистон ҳукумат меронад, ба 75 расидааст.

Рақси Каримов дар Наврӯз ва...

Ислом Каримов баъди тақрибан 15-20 дақиқа рақсиданаш дар ҷашни Наврӯз, ки рӯзи 19 март дар Тошканд доир шуд, барои беш аз як ҳафта аз мазҳари омм ғайб зад. Ин боиси бурузи сарусадоҳои навбатӣ дар бораи вазъи саломати ӯ шуд. Як сомонаи наздик ба мухолифин навишт, ки Каримов дучори сактаи қалб шудааст ва вазъаш сангин аст. Муҳаммад Солеҳ, яке аз раҳбарони мухолифини узбак дар ғурбат гуфт, ин иттилоъ аз дохили маъмурияти худи Каримов ба даст омадааст ва нисбат ба хабарҳои қаблӣ, ки баъди чанде радд мешуд, саҳеҳтар аст.



Аммо Гулнора Каримова билофосила аз тариқи Twitter ин хабаррро радд кард ва навишт: “20 дақиқа дар иди Наврӯз беист рақс кардани ПРЕЗИДЕНТАМОНРО дида, чунин хабареро нашр кардан аҳмақист.” Рӯзи 28 март телевизиони Узбакистон лаҳзае чанд аз мулоқоти Каримов бо вазири хориҷаи Қазоқистон Эрлан Идрисовро намоиш дод ва ба мавҷи навбатии сарусадоҳо дар бораи вазъи сиҳҳати раиси ин ҷумҳурӣ зоҳиран нуқта гузошт.

Ҷанги ворисон?

Вале бо ин вуҷуд ин хабар бо таваҷҷуҳ ба синни Каримов мояи афзоиши баҳси ин масъала шудааст, ки оё дар сурати фавти Каримов тахти раҳбарии Узбакистон ба кӣ хоҳад монд? Ва оё Тошканд нақшаи интиқоли қудрат дар чунин ҳолатро дорад? Ба назари шореҳон, хабари маризии Каримов аз ҳоло муборизаи ворисҳои эҳтимолии тахту тоҷи ӯро доман задааст ва дарафтодани Гулнора Каримова ба Рустам Азимов аз ҳамин зовия қобили арзёбист, чунки ҳарду аз ҷумла ворисони эҳтимолии Каримов дониста мешаванд.


Шавкат Мирзиёев

Шавкат Мирзиёев

Каримов худ то ҳол касеро расман вориси худ эълон накардааст, вале дар маҳофил дар баробараш духтараш Гулнора ва Рустам Азимов сарвазир Шавкат Мирзиёевро низ ном мебаранд. Вале Мирзиёев ба фарқ аз дигарон дар мазҳари омм зиёд зоҳир намешавад ва гӯё ҳамеша ба даҳон об гирифтааст.

Дар гузашта ҳам хабарҳо дар бораи бад шудани вазъи сиҳати Ислом Каримов на як бору ду бор дар матбуот ба сайр даромада буд, ки баъдан бо зуҳури дигарбораи ӯ дар мазҳари омм радд мешуд. Таҳлилгарони узбак мегӯянд, шояд хабари ахир дар бораи гӯё дучори сактаи қалб шудани Каримов низ навъе бозиест, ки худи Каримов коргардониаш мекунад ва бо ин роҳ мехоҳад маълум кунад, ки оё кӣ дар асл дар дил орзуи расидан ба курсии ӯро дорад?

Рӯзи 2 апрел аз Узбакистон хабар расид, ки Ислом Каримов ҳокими вилояти Тошканд Рустам Холматовро барканор кардааст. Ӯ 15-уми январи соли 2010 ба ин вазифа таъин шуда буд. Ба бовари маҳофил, баъид нест, агар Холматов қурбонии аввали мавҷи нави таъқиби орзумандони эҳтимолии тахти Каримов дар Узбакистон бошад, ки шояд нақораашро каме пеш аз тӯй зада бошад.
Ҳамлаҳои катбии Гулнора Каримова ба Рустам Азимов, ҳамин тавр, метавонад, аз оғози таъқиби ин узви то кунун хеле пурнуфузи ҳукумати падари ӯ дарак диҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG