Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати “Газпром”-и Русия гуфт, содироташ дар моҳи март қариб 34 дарсад афзудааст. Ин ширкат дирӯз гуфт, дар моҳи март ба хориҷ аз СНГ қариб 12,5 миллиард метри мукааб газ фурӯхтааст, ки назар ба моҳи марти соли қаблӣ 33,6 дарсад бештар аст. Раиси “Газпром” Алексей Миллер бо изҳори хушӣ аз ин “авҷи бозори газ” гуфт, “касе ба ҷуз мо барои таъмини бозори Аврупо бо чунин ҳаҷми газ қодир нест.”
XS
SM
MD
LG