Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба вакилони Ниёзалиев дар толори додгоҳ


Ҳамла ба вакилони мудофеъ боиси тавқифи баррасии парвандаи пурсарусадои Шамсиддин Ниёзалиев дар Додгоҳи олии Қирғизистон шуд. Ин шаҳрванди узбактабори Русия моҳи октябр бо ҷурми даст доштан дар қатли чандин нафар дар даргириҳои қавмии моҳи июни соли 2010 дар зодгоҳаш –Ҷалолобод- ба ҳабси абад маҳкум шуда буд. Аммо дар моҳи январ додгоҳи Ҷалолобод бар пояи далоили вакилонаш, ки мегӯянд, ӯ дар он рӯзҳои даргириҳо дар Қирғизистон набуд, ҳукми Ниёзалиевро бекор кард. Пайвандони қурбониён аз ин ҳукм ба Додгоҳи олӣ шикоят бурданд. Чанд тани онҳо рӯзи сешанбе дар толори додгоҳ ба вакилони Ниёзалиев дарафтоданд. Додгоҳи олӣ баъд аз зӯҳри сешанбе муҳокимаро аз сар гирифт ва ҷиҳати тафтиши дубораи парванда ҳукм баровард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG