Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди дубораи Гулнора Каримова аз Рустам Азимов


Рустам Азимов

Рустам Азимов

Гулнора – духтари калонии раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов- дар Twitter дигарбора ба муовини сарвазир ва вазири молия Рустам Азимов ҳамла кардааст. Гулнора дар саҳифааш дар ин шабакаи иҷтимоӣ сарвати Рустам Азимовро 4 миллиард доллар баршумурда, ҳадс мезанад, ки ин пул бо роҳҳои қонунӣ ба дасти ӯ наомадааст. Ӯ ҳамчунин баёнияҳои корбарони дигари Twitter-ро нашр карда, ки Азимовро “қаллоб”-е мехонанд, ки “роҳҳои оқилонаи дуздии пул”-ро эҷод кардааст. Гулнора Каримова ҳафтае пеш дар Twitter Азимовро ба тахаллуф дар тендерҳои Узбакистон айбдор карда буд. Азимов 55 сол дошта, аз соли 2008 муовини сарвазири Узбакистон аст. Бисёриҳо ӯро дар қатори Гулнора Каримова аз ворисони эҳтимолии тахти Каримов мешиносанд. Синни Каримов, ки аз соли 1989, инак 24 сол боз бар Узбакистон ҳукумат меронад, ба 75 расидааст.
XS
SM
MD
LG