Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

10 рӯзи ҳукми ҳабси як фаъоли озарӣ


Як фаъоли ҳизби мухолифи Ҷабҳаи мардумии Озарбойҷон бо ҷурми ширкат дар эътирози бидуни иҷозат дар Боку ба 10 рӯзи ҳабс маҳкум шуд. Вайсал Қосимов рӯзи душанбе дар ҷараёни тазоҳурот дар ноҳияи Нордорони пойтахт боздошт шуда буд. Раиси кумитаи ҷавонони Ҷабҳаи мардумӣ Абулфаз Қурбонлӣ ба Озодӣ гуфт, ки ҳукми Қосимов рӯзи сешанбе содир шуд. Дар ҳафтаи гузашта як фаъоли дигари ин гурӯҳ Досқин Маликовро дар шаҳри Сумқаит – тақрибан 30-километрии шимоли Боку – бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дастгир карданд. Дар моҳи март 6 узви ҷавони ҷунбиши Нидо низ бо гумони қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа боздошт шуданд. Мухолифин боздошти ин ҳамсангарони худро сиёсӣ мехонанд.
XS
SM
MD
LG