Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай: Мулло Умар ҳам метавонад номзад шавад


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай гуфт, раҳбари Толибон Мулло Умар низ метавонад номзадиашро дар интихоботи соли ояндаи раёсати ин ҷумҳурӣ бигузорад. Карзай дар мусоҳиба бо рӯзномаи олмонии "Sueddeutsche Zeitung" гуфт, Мулло Умар “метавонад ба афғонҳо ин имконро фароҳам биорад, ки ба тарафдорӣ ё зидди ӯ раъй бидиҳанд.” Карзай, ки давраи дувуму ниҳоии раёсаташ дар соли 2014 ба поён мерасад, афзуд, Қонуни асосии Афғонистон барои ҳама аст ва “Толибон ҳам бояд аз он истифода кунанд.” Вале ӯ такрор кард, ки ин ҷунбиши ҷангӣ бояд аввал равобиташ бо Ал-Қоидаро қатъ ва хушунатро ба хотири пайвастан ба раванди сиёсӣ маҳкум кунад. Ин баёнияҳо дар ҳолест, ки Карзай дар поёни ҳафтаи гузашта ба манзури баҳси мавзӯъи гушоиши расмии дафтари сиёсии Толибон ба Қатар сафар карда буд.
XS
SM
MD
LG