Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобинаи муваққати Покистон савганд ёд кард


Мирҳазорхон Кҳусу
Мирҳазорхон Кҳусу
Раисиҷумҳури Покистон Осифалӣ Зардорӣ кобинаи муваққатеро, ки то интихоботи 11 май кишварро идора хоҳад кард, ба савганд овард. Расми адои савганди 14 вазир тавассути телевизион мустақиман намоиш дода шуд. Кобинаи кафили сарвазир Мирҳазорхон Кҳусу масъулияти баргузории интихоботи озоду одилонаро бар ӯҳда дошта, баъди ин маърака идораи умурро ба ҳукумати нав хоҳад супурд. Кобинаи муваққат афроде, чун сардабири маъруф Ориф Низомӣ, ҳуқуқдон Аҳмад Билол Сӯфӣ ва намояндагон аз ҳамаи 4 вилояти Покистонро дар бар мегирад.
XS
SM
MD
LG