Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Николаеви қавмгароро билохира муҷрим шинохтаанд


Ҳайъати мунсифаи додгоҳи вилояти Самараи Русия рӯзи 2 апрел Александр Николаевро дар қатли як шаҳрванди Тоҷикистон дар заминаи адовати қавмиву нажодӣ муҷрим шинохт. Николаеви 20-сола узви гурӯҳи тундрави РНКА буда, соли 2009 бо ҷурми анҷоми таркиши маъмурияти вилоят ва сӯзондани осорхонаи Ленин ва мошини як футболбози тими “Криля Советов” шартан маҳкум шуда буд. Ӯ моҳи сентябри соли 2011 дар кӯча як марди қаворааш осиёиро, ки тавре баъдан маълум шуд, муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон будааст, бо найзаи камони Мосин кушт.
Ҳайъати мунсифаи додгоҳи Самара дар таърихи 7 ноябри соли 2012 Александр Николаевро дар ин ҷиноят бегуноҳ баровард, вале Додгоҳи олии Русия рӯзи 29 январ бар асоси эътирозии додситонии вилоят ҳукми сафеди Николаевро бекор кард ва барои муҳокимаи дубора ба додгоҳи Самара баргардонд. Қозӣ бояд акнун бар пояи қарори ҳайъати мунсифа ҳукми Николаевро эълон кунад.
XS
SM
MD
LG