Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи 2-юми апрел дар пойтахти Непал – Катманду мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи «С» байни футболбозони синнашон то 14-сола шурӯъ шуд.

Дар ин гурӯҳ чаҳор тими мунтахаб – Афғонистон, Бутан, Непал ва Тоҷикистон рақобат мекунанд.

Футболбозони навраси тоҷик таҳти раҳбарии сармураббӣ Раҷаб Расулов дар нахустин бозии худ бар тими Бутан бо ҳисоби бузурги 15:0 ғалаба карданд. Ҷаҳонгир Раҳматзода, Аббос Раҳмонов, Самадҷон Шарифов, Хуршед Абдуллоев, Умарҷон Шарифов ва Самандар Ризомов дуголӣ, Саидмухтор Азимов, Зиёвиддин Фузайлов ва Ҳувайдо Малиев якголӣ заданд.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ дастаи мунтахаби Афғонистон бар тими Непал бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Дастаҳои Тоҷикистон ва Афғонистон сеимтиёзӣ доранд. Аз рӯи таносуби тӯбҳо Тоҷикистон дар ҷойи аввал ва Афғонистон дар ҷойи дувуманд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 4-уми апрел бо дастаи мизбон – Непал ва 6-уми апрел бо мунтахаби Афғонистон рақобат мекунад.



Бояд гуфт, ки танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ меёбанд. Дар ҳамин ҳол мусобиқа дар ду гурӯҳ ба анҷом расидааст. Дастаҳои мунтахаби Ироқ аз гурӯҳи “А” ва Арабистони Саудӣ аз гурӯҳи “В” ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни наврасон, ки соли 2014-ум баргузор мешавад, роҳхат гирифтанд.

Мусобиқа дар гурӯҳи “D” (Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Туркманистон ва Қирғизистон) аз 23-юм то 29-уми апрел, дар гурӯҳи “Е” (Бруней Доруссалом, Малайзия, Мянмар, Филиппин ва Тимор Лесте) аз 28-уми май то 3-юми июн, дар гурӯҳи “F” (Бангладеш, Камбоҷа, Индонезия, Лаос, Сингапур ва Тайланд) аз 28-уми май то 3-юми июн, дар гурӯҳи “G” (Чин, Тайван, Гуам, Кореяи Ҷанубӣ ва Марианаи Шимолӣ) аз 20-уми апрел то 26-уми апрел ва дар гурӯҳи “H” (Кореяи Шимолӣ, Ҳонконг, Ҷопон, Макао ва Муғулистон) аз 11-ум то 17-уми апрел баргузор мешаванд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG