Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҳбусони Гуантанамо даст ба гуруснашинӣ заданд


Мақомоти ИМА гуфтанд, ки 39 маҳбуси зиндони Гуантанамо даст ба гуруснанишинӣ задаанд, вале ба гуфтаи худи маҳбусон теъдодашон хело бештар аст. Шокир Амир, зодаи Арабистони саудӣ, ба вакили дифои худ гуфтааст, ки 130 нафар ба нишони эътироз алайҳи боқӣ монданашон дар ин маҳбас даст аз ғизо бардоштаанд.

Ба навиштаи рӯзномаи New York Times, бештари маҳбусон чанд ҳафта боз гуруснанишинӣ мекунанд. Дар ин муддат се нафари онҳо дар бемористон бистарӣ шуданд. Рӯзи 26 март кормандони Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх барои тафтиши ҳодиса аз Гуантанамо дидан карданд.

Айни ҳол дар ин маҳбаси амрикоӣ 166 нафар нигаҳ дошта мешаванд ва фақат ба шаш нафари онҳо расман иттиҳом эълон шудааст. Тақрибан 90 маҳбус бояд Гуантанаморо тарк намоянд ва аммо бар асари мушкили ҳуқуқӣ дар Амрико ё зодгоҳҳояшон дар зиндон боқӣ мондаанд.
XS
SM
MD
LG