Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Тоҷикистон нашрияи нави варзишӣ бо номи «Спорт +» ба забони тоҷикӣ нашр шуд.

Камол Абдураҳимов (Камоли Қурбониён), муассис ва сармуҳаррири ин нашрия, рӯзи сешанбеи 2-юми апрел ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки ҳадафи аслии ҳафтанома инъикоси муҳимтарину ҷолибтарин рӯйдодҳои навини варзиши Тоҷикистону ҷаҳон мебошад. Ҳамзамон талош меварзем, ки «Спорт +» ба интихоби миллионҳо шудани варзиш дар кишварамон мусоидат намояд. Вай афзуд, шумораи нахустини ин ҳафтанома дар ҳаҷми 16 саҳифа (андозаи А-3) бо теъдоди 2 ҳазор нусха рӯи чоп омад.

Бояд гуфт, ки Камол Абдураҳимов таи чанд сол ба ҳайси хабарнигори варзишӣ фаъолият дошт ва дар инъикоси ҳаёти варзишии кишвар низ саҳми босазо гузоштааст. Номбурда муддати 8 соли ахир сармуҳарририи нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон «Ҷумҳурият»-ро бар уҳда дошт.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG