Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ироқ боз чаҳор нафарро ҳалқовез карданд


Дар Ироқ чаҳор нафар, аз ҷумла, раҳбари пешини бахши “Ал-Қоида” дар Бағдод Мунаф Абдулраҳим ал Ровӣ, эъдом шуданд. Вазорати адлияи кишвар хабар дод, ки ҳукми додгоҳ рӯзи душанбе аз тариқи ҳалқовез иҷро гардид. Ал-Ровӣ моҳи марти соли 2010 боздошт ва дар ташкили ду ҳамлаи хунбор дар Бағдод дар соли 2009, ки дар онҳо тақрибан 250 нафар ба ҳалокат расиданд, айбдор шуда буд.

Аз ибтидои сол дар Ироқ 22 ҳукми эъдом иҷро шудааст. СММ, Иттиҳодияи Аврупо ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар борҳо аз ҳукумати Ироқ даъват карданд, ки барои ҳукми қатл мораторий ҷорӣ намояд.
XS
SM
MD
LG