Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми AFC: 3-юми апрел бозии “Ал Қудсия” - “Равшан” дар Кувайт


Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб рӯзи чоршанбеи 3-юми апрел бозии даври севуми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2013-ро дар сафар бо тими “Ал Қудсия”-и Кувайт анҷом медиҳад.

Ин бозии гурӯҳи “D” дар варзишгоҳи Муҳаммад Ал Ҳамади пойтахти Кувайт соати 18:30 ба вақти Душанбе оғоз меёбад.

Дастаи “ Равшан”, ки рӯзи 1-уми апрел ба Кувайт омад, дар меҳмонхонаи “Movenpick”-и шаҳри Ал Кувайт қарор дорад. Ҳайати дастаро Рустам Ризоев, Неъматулло Тошев, Содиқ Мусо, Девид Мауто, Одил Эргашев, Сайриддин Ғаффоров, Абдусамад Ҳоҷибоев, Ҳикматулло Расулов, Саламон Таки, Давронҷон Тухтасунов, Ҳасан Рустамов, Нуъмонҷон Ҳакимов, Бахтиёр Ҳасанов, Наврӯз Рустамов, Комрони Сайидзод, Индус Ҳусейнов ва Фаридун Рустамов ташкил медиҳанд. Дастаро ба ин бозӣ мураббиён Ғайрат Мираҳмадов ва Маъруф Рустамов омода мекунанд.

Бозии дигари даври севум дар ин гурӯҳ 3-юми апрел миёни дастаҳои “Ал-Шорта”-и Сурия ва “Ал-Рамза”-и Урдун баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи «Равшан”дар нахустин бозиаш дар шаҳри Хуҷанд аз тими “Ал-Рамза”-и Урдун бо ҳисоби 0:1 ва дар бозии дувумаш дар сафар аз тими “Ал-Шорта”-и Сурия бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуда буд.

Баъди ду даври мусобиқа дар гурӯҳи “D” тими “Ал-Шорта” бо 6 имтиёз пешсаф аст. Дастаҳои “Ал-Қудсия” ва “Ал-Рамза” бо 3-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дувуму севум ҷойгир шудаанд. Дастаи “Равшан” бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.
XS
SM
MD
LG