Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Март хунбортарин моҳ аз оғози низоъ дар Сурия буд


Моҳи март хунбортарин дар Сурия аз оғози низоъ дар ду соли пеш буд. Маркази дифоъ аз ҳуқуқи башари Сурия, мустақар дар Бритониё, хабар дод, ки моҳи гузашта бар асари хушунатҳо беш аз 6 ҳазор суриягиҳо ба ҳалокат расиданд. Гуфта мешавад, ки бар асари даргириҳову ҳамлаҳои интиҳорӣ беш аз ду ҳазор сокини осоишта, якуним ҳазор мухолифини мусаллаҳ ва тақрибан ҳамин теъдод афсарону сарбозони нерӯҳои ҳукуматӣ кушта шуданд.

Раҳбари марказ Ромӣ Абдул Раҳмон рӯзи душанбе изҳор намуд, ки теъдоди қурбониён шояд бештар бошад, зеро ҳам нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҳам мухолифини мусаллаҳ иттилоъ дар бораи талафотро махфӣ нигаҳ доштанӣ мешаванд.

Ба иттилои СММ, аз оғози низоъ дар Сурия дар моҳи марти соли 2011 беш аз 70 ҳазор сокини кишвар ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG