Пайвандҳои дастрасӣ

Дар зодрӯзи Андерсен рӯзи китоби бачагона таҷлил мешавад


Имрӯз дар саросари ҷаҳон рӯзи байналмилалии китоби бачагона таҷлил мешавад. Шурӯъ аз соли 1967 ҳар сол дар рӯзи 2 апрел, ки зодрӯзи нависандаи маъруфи афсонаҳои кӯдакона Ҳанс Кристиан Андерсен аст, ҷашни байналмилалии китоби бачагона барпо мешавад. Ҳадаф аз ин ҷашн боло бурдани таваҷҷӯҳи атфол ба китоб ва мутолеа мебошад.

Дар Тоҷикистон ҳам имрӯз бо ибтикори вазорати фарҳанг ҷашнвораи ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд. Дар чаҳорчӯби ин маърака адибону нависандагони тоҷик, ки барои кӯдакон эҷод мекунанд, беҳтарин асарҳои худро ба хонандагони хурдсол пешкаш хоҳанд кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG