Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти устоди донишгоҳи Хуҷанд бо гумони даллагӣ


Профессор М.Зикриёева, декани факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, бо гумони ташкили фасодхона ва даллагӣ боздошт шудааст.

Хабаргузории «Авеста» бо истинод ба манбае дар мақомоти интизомии вилояти Суғд менависад, ки ин устоди донишгоҳ аз ҷониби мақомоти ҳифзи тартибот боздошт ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Ҳамакнун баъди анҷоми тафтишот парванда ба додгоҳ ирсол гардид.

«Ҷузъиёти бештари қазия танҳо баъди содир гардидани ҳукми додгоҳ эълон хоҳад шуд», - мегӯяд манбаъ.
XS
SM
MD
LG