Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пхенян маркази ҳастаии Йонбенро фаъол мекунад


Кореяи Шимолӣ маркази ҳастаии Йонбенро дубора фаъол мекунад. Хабаргузории расмии Корея иттилоъ дод, ки ҳама муассисаҳои ҳастаӣ дар ин марказ, аз ҷумла, муассисаи ғанисозии ураниум барқарор карда мешаванд. Фаъолияти маркази ҳастаии Йонбен соли 2007, бар пояи созиш дар музокироти “шашгона” (Чин, Русия, ИМА, Ҷопон, Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ) оид ба барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ мутаваққиф шуда буд.

Имрӯз ҳамчунин расонаҳои чопи Пхенян суханронии раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Инро нашр карданд, ки дар он зикр шудааст, барномаи ҳастаӣ таҳкурсии рушди иқтисодии кишвар аст.

Рӯзи шанбе, 30 март Пхенян дар бораи дар вазъи ҷанг қарор гирифтани Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ хабар дод. Авзоъ дар нимҷазираи Корея баъд аз он ноором шуд, ки Шӯрои амнияти СММ дар посух ба озмоиши сеюми ҳастаӣ аз сӯи Кореяи Шимолӣ алайҳи кишвар таҳримҳои нав ҷорӣ намуд.
XS
SM
MD
LG