Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷангҷӯён ба нерӯгоҳи канори Пешовар ҳамла карданд


Дар шимолу ғарби Покистон афроди мусаллаҳ ба як нерӯгоҳи барқ дар канори Пешовар ҳамла карданд. Дар ин ҳодиса дасти кам ҳафт нафар кушта ва чаҳор каси дигар рабуда шуданд.

Ба иттилои полис, ҷангҷӯён ба бинои нерӯгоҳ ворид шуда, як корманди полис ва муҳофизро ҳадафи тир қарор доданд ва нӯҳ нафарро гаравгон гирифтанд. Баъдан ҷасади панҷ нафар аз рабудашудагон дар наздикиҳои нерӯгоҳ ошкор шуд.

Баъд аз ҳамла бахши аъзами шаҳри Пешовар чанд соат бебарқ монд.

Масъулияти ҳамларо ҳанӯз гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG