Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Хуруҷи Тошканд аз СПАД, барои Душанбе мушкил эҷод кард"


Рамил Нодиров, сардори Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон.

Рамил Нодиров, сардори Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон.

Душанбе мегӯянд, хориҷ шудани Узбакистон аз Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД), барои Тоҷикистон мушкил эҷод кардааст.

Рамил Нодиров, фармондеҳи Ситоди неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон рӯзи 2-юми апрел гуфт, ки пас аз берун шудани ҷумҳурии Узбакистон аз Созмони паймони амнияти дастиҷамъӣ, ворид шудани кӯмакҳои низомӣ, аз ҷумла ҷангафзору дигари муҳимоти ҳарбӣ ба Тоҷикистон ба мушкил рӯбарӯ шудааст.

Генера-лейтенант Рамил Нодиров зимни суханронии хеш дар масъалаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои узви СПАД, дар мавриди ворид ва дубора хориҷ шудани Узбакистон аз ин созмон ёдовар шуд.

Оқои Нодиров, ки дар Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Геополитикаи АвруОсиё дар оғози қарни 21» дар Душанбе суханронӣ мекард, аз ҷумла гуфт, ки ҳарчанд ҷониби Узбакистон пас аз ҳаводиси Андиҷон ва сард шудани равобиташ бо кишварҳои Ғарб соли 2006 дубора узви СПАД шуд, вале дар амал ҳамкории хубро бо кишварҳои узви СПАД ба роҳ намонд ва солҳои охир дар чорабиниҳои ташкилнамудаи ин созмон ширкат намекард.

Генерал Нодиров афзуд, ки Тоҷикистон дубора ворид шудани ҷониби Узбакистонро ба созмони СПАД хуш қабул карда аз хуруҷи он аз ин созмон мутаасиф аст: «Вале бо хуруҷи Узбакистон аз ин созмон, мушкилотҳо ба зудӣ ҳал намешаванд. Бояд гуфт ки пас аз хуруҷи Узбакистон аз созмони СПАД, масъалаи истифодаи оби дарёҳои фаромарзӣ ва интиқоли молу коло, махсусан борҳои низомӣ ба Тоҷикистон тариқи қаламрави ин кишвар зери суол мераванд.»

Моҳи июни соли гузашта ҷорӣ Узбакистон ба нишонаи эътироз аз созмони СПАД хориҷ шуд ва гуфт, ки дар ин созмон кишварҳои узв мустақил набуда ва аз имтиёзҳои баробар бархӯрдор нестанд. Узбакистон бар ин ақида аст, ки ин созмон бештар зери нуфузи Русия қарор гирифтааст.

СПАД 15-уми майи соли 1992 ташкил шуда буд ва соли 2012 бистумин солгарди худро баргузор кард. Ҳоло баъд аз хуруҷи Узбакистон дар созмон 6 кишвар -- Арманистону Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва Русияву Тоҷикистон узвият доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG