Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай аз Қатар бо чӣ дастовард баргашт?


Раёсати ҷумҳури Афғонистон мегӯяд, ки мақомҳои Қатар дар ҷараёни сафари Ҳомид Карзай ба Доҳа, ваъда додаанд, ки дар раванди сулҳи ин кишвар мусоидат хоҳанд кард.

Пеш аз ин раёсати ҷумҳури Афғонистон гуфта буд, ки баҳси кушодани дафтари Толибон дар Қатар, барномаи аслии сафари Ҳомид Карзай ба Қатарро ташкил медиҳад, аммо ҳоло масъулони ин идора аз ибрози назар дар ин замина худдорӣ мекунанд.

Фоиқ Аҳмадӣ, яке аз сухангӯёни раёсати ҷумҳури Афғонистон рӯзи душанбе дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфт, ки раиси ҷумҳур Карзай бо мақомҳои Қатар бештар дар мавриди нақши ин кишвар дар раванди сулҳ суҳбат кардааст:

«Меҳвари аслии сафари раиси ҷумҳурро густариши равобит ва нақши Қатар дар раванди сулҳ ташкил медод. Суҳбатҳои бештар дар мавриди ин, ки Қатар чи гуна метавонад дар раванди гуфтугӯҳои сулҳи Афғонистон кӯмак кунад, сурат гирифт ва мақомҳои Қатар гуфтанд, ки омодаи ҳар гуна ҳамкорӣ барои барқарории сулҳ ва субот дар Афғонистон мебошанд.»

Раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай рӯзи шанбеи 30-юми март дар раъси як ҳайати ҳукуматӣ барои гуфтугӯ бо мақомҳои қатарӣ барои густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни ду кишвар ва эҷоди дафтари Толибон дар он кишвар, ба Доҳа сафар карда буд.

Дар ин ҳол бархе аз коршиносони афғон мегӯянд, ки он чӣ аз сафари оқои Карзай ба Доҳа интизор доштанд, ба даст наомадааст. Ҳоҷӣ Саид Довуд, як коршиноси афғон дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, то замоне, ки Амрико ва Толибон ва ҳамчунон Амрико ва Бритониё дар байни худ ба як тавофуқ даст наёбанд, кӯшишҳои ҳукумати Афғонистон барои музокира бо Толибон ба ҷое нахоҳад расид:

«Шӯрои олии сулҳи Афғонистон сиёсат ва барномаи мушаххас надорад, ки дар атрофи ҳамин барномаҳо бо мақомҳои Қатар ва ё Покистон барои барқарории сулҳ суҳбат намояд. Фикр мекунад, ҳамин мулоқотҳо дар сатҳи матбуот аст ва ман фикр мекунам дар амал кадом дастоварди рӯшан мушоҳида намешавад.»

Барои аввалин бор Амрико идеяи эҷоди дафтари Толибон дар Қатарро пешниҳод кард, аммо аз сӯи раиси ҷумҳури Афғонистон рад шуда буд. Аммо оқои Карзай дар сафарҳои ахири худ ба Амрико ва Бритониё, ба эҷоди ин дафтар барои музокирот бо Толибон мувофиқат кард.

Толибони мусаллаҳ ҳамвора гуфтугӯ бо ҳукумати Афғонистон дар Қатарро рад карда ва гуфтаанд, то замоне, ки нерӯҳои байналмилалӣ Афғонистонро тарк накунанд, бо ҳукумати таҳти раҳбарии Ҳомид Карзай музокира нахоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG