Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бозии даври севуми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2013-ро имрӯз, 2-юми апрел, соати 15 дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бо тими «Кувайт»-и Кувайт анҷом медиҳад.

Дар ҳамин ҳол дастаи “Регар-ТадАЗ”, қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон, ва рақибаш – тими “Кувайт”, барандаи феълии Ҷоми AFC, дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ба бозии севуми худ омодагӣ мебинанд.

Дар арафаи ин бозӣ, рӯзи душанбе, 1-уми апрел дар маҷлисгоҳи Осоишгоҳи “Баҳористон” бо ҳузури сармураббиён ва капитанҳои ҳарду даста нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Регар-ТадАЗ», ба хабарнигорон гуфт: "Ба мо субҳи душанбе хабар расид, ки падари бозигари даста Фаррух Чориев вафот кардааст. Ин хабари нохуш моро, албатта, маҳзун кард. Мо ба Фаррух изҳори ҳамдардӣ мекунем ва ӯ бояд дар ин мавриди душвор дар хона бо наздиконаш бошад. Дар бораи рақиби имрӯзаамон ҳаминро гуфтаниам, ки мо бозиҳояшро тамошо карда, омухтаем. “Кувайт” дастаи пурзӯр аст.Он на танҳо дар гурӯҳи мо, балки, умуман, дар ин мусобиқа барои ғолиб шудан муддаии асосӣ мебошад. Мо бо ин даста барои аввалин бор қувваозмоӣ мекунем ва ба бозӣ хуб омодагӣ дидаем. Дар бораи бозӣ пешакӣ чизе гуфтанӣ нестам. Мо ҳанӯз умедамонро накандаем. Дар пеш боз чаҳор бозӣ дорем.”

Хуршед Маҳмудов, капитани дастаи «Регар-ТадАЗ»: "Баъди бохт ба тими «Ал-Риффа»-и Баҳрайн дастаи мо ба нокомӣ дучор шуд. Аз даста бозигари аслӣ Ҷамшед Исмоилов рафт. Мо вазъи дастаро баррасӣ кардем ва ҳоло кайфияти бачаҳо хуб аст. Ба ақиб роҳ нест. Бинобар ин мо бо тамоми қувва бозӣ мекунем, ҳарчанд рақибамон “Кувайт” пурзӯр ҳам бошад.”

Мутахассиси 58-сола аз Руминия Айон Марин, сармураббии «Кувайт», ба мизбонон барои пазироии гарму ҷӯшон изҳори сипос намуда, гуфт, “Регар” дастаи пурқувват аст. Бозиро дар Бейрут бо тими “Сафо” мусовӣ кардани “Регар” аз ин гуфтаҳои ман шаҳодат медиҳад. Вале моро он чиз ба ҳайрат гузошт, ки «Регар» дар хона аз тими «Ал-Риффа» бо ҳисоби бузург шикаст хӯрд. Вале ба ин нигоҳ накарда, мо рақиби пурзӯрамонро мепазирем. Чунон ки медонед, мо дар мусобиқаи порсолаи Ҷоми AFC пирӯз шуда будем. Ҳоло футболбозони мо дар ҳалати хуби ҷисмонӣ қарор доранд ва умедворем, ки бозӣ хуб мегузарад.”

Капитани дастаи «Кувайт» Аҳмад Ал Шамирӣ, иброз дошт, ки “бозӣ бо “Регар” душвор мешавад, вале ба мо холҳо заруранд ва мекӯшем, ки соҳиби 3 имтиёз шавем.”

Бозии дигари даври севум дар гурӯҳи “А” 2-юми апрел миёни дастаҳои “Сафо”-и Лубнон ва “Ал-Риффа”-и Баҳрайн барпо мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи «Регар-ТадАЗ» бозии аввалашро дар мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 дар сафар бо тими «Сафо» бо ҳисоби 1:1 анҷом дод ва дар даври дувум дар шаҳри Хуҷанд аз тими «Ал-Риффа» бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Тими «Кувайт» бошад, дар ду бозии пешин дар майдони худ бар тими «Сафо» бо ҳисоби 3:1 ва дар сафар бар дастаи «Ал-Риффа» бо ҳисоби 2:0 ғолиб омада буд.

Баъди ду даври мусобиқа дар гурӯҳи “А” дастаи “Кувайт” бо 6 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Тими “Ал-Риффа” бо 3 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Дастаҳои “Сафо” ва “Регар-ТадАЗ” якимтиёзӣ ба даст овардаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо “Сафо” дар ҷойи севум ва “Регар-ТадАЗ” дар ҷойи охирин – 4-ум қарор доранд.

Сардовари бозии имрӯзаи Ҷоми AFC миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Кувайт” Во Мин Трӣ (Вйетнам), ёваронаш Борикут Тхан ва Ситтисук Тираҷит (Тайланд), довари эҳтиётӣ Рисбек Шакарбеков (Қирғизистон) ва комиссари бозӣ Сизар Умар Ҳуснӣ Субар (Урдун) мебошанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG