Пайвандҳои дастрасӣ

Ба яғмо рафтани осори боз як синагога дар Димишқ


Мақомоти Сурия мегӯянд, бар асари тирандозиву ғоратгариҳо як синагогаи таърихӣ дар Димишқ осеб шудааст. Канисаи Ҷӯбар ба шарафи паёмбар Илёс ҳанӯз ҳудуди 2000 сол қабл бино шуда, аз қадимтарин маъбадҳои яҳудии дунё ба шумор меравад. Раҳбари бахши осори бостонии Сурия Маъмун Абдулкарим гуфт, синагога то ҳол осеби зиёд надида ва, ба бовари мақомот, яғмогарон асосан наққошиҳову қандилҳои тилоии маъбадро ба ғорат бурдаанд. Вале ӯ афзуд, аз як канисаи дигар дар дохили шаҳри кӯҳнаи Димишқ, ки шомили рӯйхати ЮНЕСКО-ст, ҳазорон манускрипти бебаҳо алакай дуздӣ шудаанд. Осори таърихии Сурия, бо шумули бозорҳову масҷидҳо ва калисҳои бостонӣ ба таври афзоянда қурбонии ҷанги шаҳрвандие мешаванд, ки то имрӯз беш аз 70 000 кушта ба ҷо гузоштааст.
XS
SM
MD
LG