Пайвандҳои дастрасӣ

Духтари Кеннедӣ сафир дар Ҷопон хоҳад шуд


Матбуоти амрикоӣ бо истинод ба “ як демократи ворид дар ҷараёни баҳс” хабар дод, ки раиси ин ҷумҳурӣ Барак Обама аз Каролин Кеннедӣ – духтари раисиҷумҳури фақид Ҷон Кеннедӣ – хостааст, то мақоми сафир дар Ҷопонро бипазирад. Каролин Кеннедии 55-сола хатмкардаи донишгоҳҳои мӯътабари Ҳарвард ва Колумбия буда, аз замони корзори аввали Обама аз тарафдорони гарми ӯ ба шумор мерафт. Ӯ муаллифи 10 китоб ва соҳиби чандин мақом дар созмонҳои ғайридавлатист. Сафири кунунӣ дар Токио Ҷон Роос 4 сол боз инҷо кор мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG