Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нусхаи ташхиси ҷасади Максро ба Русия додаанд


Макс Шатто, ё Максим Кузмин

Макс Шатто, ё Максим Кузмин

Вазорати хориҷаи Амрико гуфт, мақомоти аёлати Техас ба мақомоти Русия нусхаи ташхиси ҷасади Макс Шатто, ё Максим Кузминро додаанд. Марги ин кӯдаки сесола аз Русия дар хонаводаи амрикоие, ки ӯро фарзанд хонда буд, ба вокунишҳои зиддунақизи байналмилалӣ рӯбарӯ шуда, мақомоти Русия модархонди ӯ Лаура Шатторо “қотил” мехонданд. Таҳқиқот аммо гуфт, ки марги кӯдак бо амри тасодуф рух дода, ӯ худашро захмӣ кардааст. Мақомот баъдан гуфтанд, ки волидайни Макс Шатторо айбдор карда наметавонанд. Русия таҳқиқоти анҷомшуда дар Амрикоро ноқис хонда, дастрасӣ ба натоиҷи онро талаб кард. Нашрияи маҳаллии "Odessa American" бо истинод ба нусхаи ташхис навишт, ки дар бадани кӯдак 30 пайи захм ошкор кардаанд ва ӯ ба иллати гирифторӣ ба шизофрения даво мехӯрдааст.
XS
SM
MD
LG