Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барои "тирандози Денвер" ҳукми қатл хоҳанд хост


Ҷеймс Ҳолмс

Ҷеймс Ҳолмс

Додситонҳои аёлати Колорадо мегӯянд, аз додгоҳ барои Ҷеймс Ҳолмс ҳукми эъдом хоҳанд хост. Ҳолмси 25-сола дар қатли 12 тан ва захмӣ кардани 58 тамошобини дигар дар як кинотеатр дар канори Денвер дар таърихи 20 июли соли 2012 айбдор мешавад. Додситонҳо ҳафтаи гузашта пешниҳоди вакилони Ҳолмс барои муомиларо радд карданд. Пешниҳод ин буд, ки Ҳолмс гуноҳро ба гардан гирад ва дар иваз додситонӣ аз талаби ҳукми қатл даст бикашад. Вакилонаш мегӯянд, ки ин донишҷӯи собиқи бахши неврология худ гирифтори бемории ҷиддии равонист. Таҳқиқот аммо нишон дод, ки Ҳолмс силоҳу муҳимот ҷамъ оварда, маводи тарканда месохт ва кинотеатрро назорат мекард.
XS
SM
MD
LG