Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори сайёҳон дар Ҳинд коҳиш меёбад


Бино ба як таҳқиқот, таҷовузи маргбор ба номуси як донишҷӯ дар Деҳлии нав ва ду мавриди баъдии ҳамла ба занони сайёҳи хориҷӣ боиси уфти башиддати шумори сайёҳони хориҷӣ дар Ҳинд шудааст. Пажӯҳиши Утоқи бозаргониву саноатӣ бар пояи омори 1200 ширкати ҷаҳонгардӣ дар саросари Ҳинд мегӯяд, дар се моҳи аввали сол шумори сайёҳон 25 фоиз ва теъдоди сайёҳони зан 35 дарсад коҳиш ёфтааст. Моҳи март ба номуси як зани швейтсарии велосипедрон дар аёлати Мадҳия Прадеш 6 мард таҷовуз карданд. Як зан аз Кореяи ҷанубиро дар ҳамин аёлат, гумон меравад, писари соҳиби меҳмонсарое, ки меистод, дуздидааст.
XS
SM
MD
LG