Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши кишти маводи мухаддир дар Афғонистон


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, бо вуҷуди талошҳо ҷиҳати набард бо қочоқбарон ва таъмини зироати дигар барои кишоварзон, кишти ғайриқонунии маводи мухаддир дар кишвар имсол афзудааст. Қайюм Самир- сухангӯи вазорати зидди маводи мухаддири Афғонистон гуфт, дар ин баҳор тақрибан 157 000 ҳектар барои кишти хашхош истифода шудааст, ки ба ҳисоби ин вазорат, назар ба соли гузашта қариб 3000 ҳектар бештар аст. Самир камбуди амният ва фақри фарогирро ду омили аслии афзоиши кишти маводи мухаддир дар Афғонистон номид ва гуфт, вазорат барои маҳви ин киштҳо дар вилоёти Қандаҳору Ҳилманд ва Нимрӯзу Фароҳ, ки макони асосии кишти маводи мухаддир шумурда мешаванд, нирӯҳои вижаро ба кор даровардааст.
XS
SM
MD
LG