Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Додгоҳе дар Маскав замони ҳабси хонагии раҳбари мухолифини Русия Сергей Удалтсовро то 6 август тамдид кард. Додгоҳи Басманний дирӯз гуфт, таҳқиқи инки ошӯбҳои зиддидавлатии моҳи майи соли 2012 дар майдони Болотная дар пойтахти Русияро кӣ ташкил кард, фурсати зиёдтар мехоҳад. Удалтсов ва ду фаъоли мухолифин Константин Лебедев ва Леонид Развозжаев ин иттиҳомро радд мекунанд. Тафтишот мегӯяд, ки онҳо соли гузашта ҳангоми рехтани нақшаи ошӯбҳо бо атбоъи хориҷӣ “чандин мулоқот” анҷом додаанд. Удалтсов аз авоили феврал дар ҳабси хонагӣ қарор дорад. Додгоҳ ба ӯ истифодаи телефону Интернет, ҳар навъ мукотибаву ҳатто тамос, ба истиснои тамос бо аҳли хонаводаву вакилони мудофеъ ва муфаттишону намояндагони мақомоти интизомиро манъ кардааст.
XS
SM
MD
LG