Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико омодагии Пхенян ба ҷангро намебинад


Кохи Сафед гуфт, бо вуҷуди лаҳни пархошҷӯёна аз сӯи Кореяи шимолӣ, Вошингтон ягон навъ миқёси бузурги сафарбаркунии низомӣ ё табдили маҳалли истиқрор кардани нирӯҳо аз ҷониби Пхенянро намебинад. Сухангӯи Кохи Сафед Ҷей Карнӣ рӯзи душанбе гуфт, Амрико таҳдиди ҷанги Кореяи шимолиро ҷиддӣ мегирад, вале “аъмоле инҷо нест, ки аз ин лаҳнаш ҳимоят кунанд.” Пхенян рӯзи 30 март эълон кард, ки байни ду Кореяи шимоливу ҷанубӣ “вазъияти ҷангӣ” ба амал омадааст ва нирӯҳои Кореяи шимолӣ пойгоҳҳо дар Кореяи ҷанубӣ ва минтақаро ба ҳадаф гирифтаанд. Амрико барои ҳимоят аз машқҳои муштаракаш бо Кореяи ҷанубӣ аз пойгоҳи низомии худ дар Ҷопон ба Кореяи ҷанубӣ ҳавопаймоҳои ҷангии F-22 фиристод. Пхенянро инро ҳамчун амали иғвогарона маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG