Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Ҷунбиши миллӣ аз Янукович


Ҷунбиши миллӣ барои интихоботи соли 2013 дар номае ба раисиҷумҳури Украина, ки дар Фейсбук нашр шуд, аз Виктор Янукович хостааст, қазияи сарвазири собиқи Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷоновро зери назорати “мунсифона”-и худ бигирад. Ин созмони ҳанӯз сабтиномнашуда бо таъкид ба ин нукта ки Абдуллоҷоновро дар Тоҷикистон маҳз ба хотири фаъолияти сиёсӣ таъқиб мекунанд, аз Янукович “қатъан” хоста, ки ӯро ба ҳукумати Тоҷикистон насупоранд, зеро паёмадаш “бешубҳа ба додгоҳи ғайриодилона, шиканҷа ва марги ин шаҳрванд мерасонад.”
Абдуллоҷонов рӯзи 5 феврал дар фурудгоҳи Бориспол дастгир шуд. Додгоҳи Киев рӯзи 15 март ҳукм баровард, ки ӯ то замони баррасии парвандаи истирдодаш то 12 моҳ метавонад дар ҳабс бимонад. Абдуллоҷонов, ки солҳои 1992-1993 сарвазир ва соли 1994 рақиби Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии Тоҷикистон буд, дар Душанбе ба ҷиноятҳои сангине, чун сирқати пулу мол, талоши ғасби қудрат ва куштор айбдор мешавад.Худи Абдуллоҷонов ин иттиҳомотро сиёсӣ хонда, радд мекунад
XS
SM
MD
LG