Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WB барои набард бо тағйири иқлим кумак мекунад


Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои расидагии муассиртар ба паёмадҳои тағйири иқлим 14 850 000 доллар кумаки билоиваз ҷудо мекунад. Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Марш Олив гуфтааст, ки ин кишвар ба офоти табиӣ рӯбарӯ буда, осебпазиртарин кишвари Аврупову Осиёи Марказӣ дар муқобили тағйири иқлим ба шумор меравад. Тоҷикистон яке аз 18 кишвар дар барномаи пилотии Бонки ҷаҳонист, ки мутобиқ сохтани кишварҳо ба тағйири иқлимро ба ҳадаф дорад. Интизор меравад, кумаки нави Бонки ҷаҳонӣ то 21 000 хонавода дар рустоҳои Тоҷикистонро мустақиман фаро бигирад.
Бонки ҷаҳонӣ феълан дар Тоҷикистон 14 барнома ба маблағи 236 миллион долларро таъмини молӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG