Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Куриёи Шимолӣ нахуствазир таъйин карданд


Порлумони Куриёи Шимолӣ, Пак Понг Юро, ки соли 2007 аз мақоми нахуствазирӣ сабукдӯш карда буд, дигарбора ба ҳамин мақом таъйин кардааст. Қарор дар ин замина дар ҷаласаи солонаи Шӯрои Олӣ як ниҳоди дастнишондаи ҳукумати Куриёи Шимолӣ қабул шуд. Пак Понг Юи 74-сола аз шарикони наздики Янг Сонг Таек, амаки Ким Ҷонн Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ аст ва ӯро як иқтисоддони ислоҳталаб мешуморанд. Пак Понг Ю соли 2003 ба хотири ислоҳоти иқтисодӣ нахуствазир таъйин шуд ва хост, ки ба ширкатҳои давлатӣ мухторияти бештар дода ва ба тадриҷ вобастагии мардуми фақир ба таъминоти давлатиро камтар кунад. Баъди онки ислоҳоташ натиҷаи дилхоҳ надоданд, Пак Понг Ю аз мақомаш барканор шуд.
XS
SM
MD
LG