Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Соҳиби нонвойхонаи сӯхта 2,5 сол ҳукм гирифт


Додгоҳи шаҳри Дмитрови вилояти Маскави Русия рӯзи 1 апрел Рафик Маркариёнро бо ҷурми нақзи қоидаҳои зиддисӯхтор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги беш аз ду нафар шудааст, ва ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба 2,5 соли колонияи ислоҳӣ маҳкум кард. Додситонии вилоят мегӯяд, Маркариён тайи солҳои 2010-2012 асноди лозим барои сафари атбоъи Тоҷикистону Арманистон ба Русияро таҳия ва онҳоро дар нонвойхонааш ба кор ҷалб мекард. Шаби 19 феврали соли 2012 бар асари сӯхтор дар корхонаи нонпазии марбут ба Маркариён дар шаҳраки Горки-25-и ноҳияи Дмитров 8 нафар, аз ҷумла 4 тоҷик ва 4 арманӣ, ҳалок шуда, 13 коргари дигар ҷароҳат бардоштанд. Тафтишот мегӯяд, иллати сӯхтор хуруҷи газ буд.
XS
SM
MD
LG