Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пули бисёр" ва "кандани ҳайкали Исмоили Сомонӣ"


Якуми апрел барои тоҷикистониён низ Рӯзи фанду фиребу шӯхӣ буд ва бино бар гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо, имсол ҳазлу танз то андозае тобиши иҷтимоӣ дошт.

Ҳамчунин шӯхиҳое карда мешуд, ки ба каму костиҳои зиндагӣ рабт доштанд ё дурӯғҳое, ки гӯяндагонашон мехостанд, ба ҳақиқат табдил ёбанд.

Дилшод, корманди як ширкати таблиғотӣ аз субҳ аллакай чанд нафарро бо шӯхиҳои якумиапрелӣ фиребидааст. Вай ба як ҳамкораш гуфтааст, масъули ширкати ТАЛКО бо дафтари онҳо дар тамос шуда, пешниҳоди ҳамкорӣ кардааст. Бӯйи маблағи калон, ба гуфтаи ӯ, ҳамкорашро то ҷое сархуш кард. Дилшод, ки худаш аз ин шӯхияш завқ мебурд, бо ханда иброз дошт, ки якбора чеҳраи ҳамкораш ранги хушҳолӣ гирифт ва саросема ба утоқи кории худаш даромада, хост, билофосила ба ширкати ТАЛКО занг бизанад:

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
«Ҳамон одам хамин хел хурсанд шуд, ки ногуфтанӣ. Кабинеташ даромад, акнун ба Талко бояд занг мезад. Ман фикр кардам, ки мабодо масъулони ширкати мазкур аз мо ранҷанд, ба сӯи ҳамкорам давидам ва гуфтам, ки имрӯз якуми апрел аст. Рӯҳияи вай бечора мардак ҳамин хел вайрон шуд, то ҳол дар ҷои кор бо табъи хира нишастааст.»

Дилшод мегӯяд, дар воқеъ имрӯз дар коргоҳ кор каме барояш ушвор ҳам буд, чун дигар касе ба ҳарфҳои росташ низ бовар намекард.

Абдураҳмон Раҳмонов, хабарнигори тоҷик мегӯяд, ин субҳ барои пайдо кардани хабари тоза ба ҳар ҷо занг мезад ва нав гӯширо монда буд, ки як дӯсташ занг зада, маълумоти "обнорасида"-е дод. Дӯсташ ба ӯ хабари кандани ҳайкали Исмоили Сомонӣ аз маркази пойтахтро расонид ва гуфт, ки бо кадом сабабҳои номаълум муҷассамаи Сомониро канда истодаанд. Абдураҳмон мегӯяд, дарҳол фикр кард, ки бояд бо шаҳрдории Душанбе тамос гирад ва сабабҳои кандани ҳайкали Исмоили Сомониро пурсон шавад: «Охир, ман фикр накардам, ки имрӯз якуми апрел аст. Хайр рӯзи душанбе чи хел душвор, худам хабар ҷустуҷӯ доштам. Баъд гуфт, ки ҳайкали Сомониро канда истодаанд. Ман ҳам ҳам хабари нав гуфта якбора, чаро, дар куҷо гуфта пурсидам, ки яке дӯстам хандиду гуфт, ки имрӯз якуми апрел аст.»

Ҷамшед, мусоҳиби дигари мо мегӯяд, дар воқеъ имрӯз як дӯсташро, ки синнаш ба хизмати ҳарбӣ расидааст, фиреб дод. Вай гуфт, аз сабаби он ки имрӯз бештари ҷавонон аз хизмат дар қувваҳои мусаллаҳ саркашӣ мекунанд ва махсус ҳамин рӯз -- якуми апрел даъвати баҳории ҷавонон ба хизматӣ ҳарбӣ оғоз шудааст, хост як бо дӯсташ шухӣ кунад: «Рақамҳои дӯстамро дар телефон чидаму тамос гирифтам. Садоямро тамоман дигар кардам, баъд гуфтам, ки ман Шуморо аз қисми ҳарбӣ ташвиш медиҳам, бояд Шумо фавран ба ин ҷо ҳозир шавед. Баъд дӯстам, ки ҳамеша аз ин даъват ҳарос дошт, якбора маро нашинохт ва ҷавоб дод, ки ман дар хона нестам ва омада наметавонам. Баъд дубора занг зада, гуфтам, ки ман шӯхӣ кардам. Аз шӯхии ман, вай ба ваҳшат афтода буд.»

Садриддин Ғуломов, як сокини шаҳри Душанбе, ки бо тиҷорат машғул аст гуфт, ки имрӯз чанд нафарро бо шӯхиҳои якуми апрелӣ фиреб додааст: «Омадам, сӯи ҳамкорам гуфтам, ки ширкати Тоҷнет дар суратҳисоби ту 1000
cомонӣ маблағ гузаронидааст, вай ҳам бовар карду гуфт, ки бе паспорт пулро медода бошад, ман ҳа гуфтаму вай саросема баромада рафт. Аз қафои ӯ ҳамкори дигарам даромад гуфт, ки ако, ба мо ҳам 1000 сомонӣ нест? Ба ин ҳамкорам гуфтам ки имрӯз якуми апрел аст.»

Бештари нафароне ки фирефтаи шӯхиву танзҳои дустону наздиконашон дар рӯзи якуми апрел шуданд, мегӯянд, аз ҳамдигар наранҷидаанд.

Дар ҳамин ҳол Бахтиёр Раҳимов, ҳаҷвнигори тоҷик аз гуруҳи ҳаҷвии «Ғарибшо-компания» мегӯяд, дирузу имрӯз ва фардо низ тамоми ҳаҷву танзе, ки аз ҷониби ҳунармандон пешкаш мешавад, мақсад танҳо бартараф кардани ин ё он мушкил дар ҷомеа аст. Ба гуфтаи ӯ, агар бо ҳаҷву танз мушкилиҳоро нагӯем, роҳи дигари баёни онҳо қариб ки нест. Бо вуҷуди рангорангии шӯхиҳои аввали апрел, маълум буд, ки бештари онҳо ба пулу сармоя ва беҳбуди вазъи иқтисодӣ ишора мекарданд.
XS
SM
MD
LG