Пайвандҳои дастрасӣ

Хатлон. Боришоти шадиди рӯзҳои ахир сокинонро нигарон кардааст


Тибқи арзёбиҳои расмӣ, омадани сел дар 6 деҳаи ноҳияи Ҳамадонӣ беш аз 3 миллион сомонӣ ба сокинони маҳаллӣ зиёни молӣ овардааст.

Сӯҳроб Абдуллоев, сокини деҳаи Чубеки ноҳияи Ҳамадони вилояти Хатлон, аз он хавф дорад, ки имсол амнияти ғизоии хонаводаи вай таъмин нахоҳад буд. Дар пайи бориши шадид заминҳои кишти гандуму полезии вай шуста шуд, ягона умедвории хонаводааш ба ҳосили фаровону рӯзгори таъмин дар соли ҷорӣ. Барои кишти баҳорӣ Сӯҳроб дастикам ҳазор доллари амрикоӣ сарф карда буд, охирин маблағе, ки рӯйи даст дошт. Ҳамакнун вай ғарқи ин ин андеша аст, ки бо чӣ роҳ ин хисороташро ҷуброн кунад. Ҳамзамон қисмате аз ошхонаю манзили зисти Сӯҳроб ҳам хароб гардидаанд: «Қариб 1,5 соат зери жола мондем. Ҳамаро хароб кард ин офати табиӣ, ҳамсояҳоямон ҳам зарари бисёр диданд, гандуму доруҳои минералӣ харида будем, ҳамааш зери об монд. Таҳхонаҳо пуробу ларзон шудаанд. Танӯрхонаю оғилхонаҳо сарозер шудаанд. Агар ин ҳама хисороти мардумро ба маблағ гардонем, ба садҳо ҳазор доллар баробар мешавад.»

Сӯҳроб мегӯяд, мақомоти давлатӣ ба осебдидагони ҳодисаи табиӣ ваъдаи кӯмак кардаанд, аммо бо гузашти чанд муддат аз ин рӯйдод ҳанӯз хонаводаи вай кӯмаки амалӣ нагирифтаанд.

Ба мисли Сӯҳроб Абдуллоев дар ҳамин шабу рӯз садҳо сокини дигари навоҳии Хатлон дар ҳоли тарсу ҳарос аз селбориш ва эҳтимоли тахриби хонаҳои гилини худ ба сар мебаранд.

Тибқи арзёбиҳои расмӣ, омадани сел дар 6 деҳаи ноҳияи Ҳамадонӣ беш аз 3 миллион сомонӣ ба сокинони маҳаллӣ зиёни молӣ оварда, як бунгоҳи тиббӣ ва 26 манзили зистро қисман, беш аз 70 ошхонаю дигар иншооти ёрирасон ва 330 гектар замини кишти полезиро комилан тахриб кардааст. Мардум 135 сар чорвои хурду бузурги хонагиро аз даст дода, 4,6 км заҳбуру каналҳои ноҳия пуробу хатарнок шудааст.

Ҳотамшо Шарифов - сардори ситоди ҳолатҳои изтирории вилояти Хатлон

Ҳотамшо Шарифов - сардори ситоди ҳолатҳои изтирории вилояти Хатлон

Бо таваҷҷуҳ ба расидани баҳор ва эҳтимоли селборишҳо, Ҳотамшо Шарифов, сардори ситоди ҳолатҳои изтирории вилояти Хатлон, мегӯяд, 360 деҳа дар вилояти Хатлон зери хатари ҳаводиси табиӣ ва селу обхезӣ қарор дошта, зарурати зудҳангом кӯч додани қариб 26 ҳазор нафар ба мавзеъҳои амнтаре дар миён ҳаст: «Ҳоло ба ҳама шаҳру навоҳӣ телефонограмма дода, мақомот ва мардумро аз эҳтимоли боришҳои шадиди рӯзҳои оянда хабардор кардаем. Дар ҳама шаҳру навоҳӣ, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳам навбатдорӣ ташкил кардаем. Ҳоло 7 миллион сомонӣ ҷудо шудааст барои корҳои соҳилбандӣ ва ин маблағро барои соҳилбандӣ дар навоҳии Кӯлоб, Восеъ, Муъминобод, Шӯрообод, Балҷувон ва Ховалинг истифода карда истодаем.»

Комиссияи муштараки cитоди ҳолатҳои изтирорӣ ва коршиносони созмонҳои байналмилалӣ дар пайи пажӯҳиши хоси минтақаҳои зери хафви вилояти Хатлон ба чунин хулоса омадааст, ки барои соҳилбандии ҷӯю дарёҳо дар ҷануби Тоҷикистон дастикам 300 миллион доллари амрикоӣ зарур аст.

Ҳар сол дар вилояти Хатлон сар аз моҳи апрел боронҳои пуршиддат борида, боиси обхезиҳо мешаванд. Гуфта мешавад, дар Тоҷикистон 947 дарё ва 276 сой бо дарозии умумии 30 ҳазор километр мавҷуданд, ки дар баробари манбаи обтаъминкунӣ будан, ҳамчунин сарчашмаи офатҳои табиӣ унвон мешаванд.
XS
SM
MD
LG