Пайвандҳои дастрасӣ

Таъбире ҳаст, ки «ханда ҳам доруст, инсонро табобат мекунад». Аммо ин дору барои мардум дар ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон кофист?

Мардуме, ки ҳатто дар кӯчаҳо хандида роҳ мераванд, кам нестанд ва албатта аксарияти онҳо ҷавонон мебошанд. Вале теъдоди афроде ҳам, ки мегӯянд, «ҳоло фурсати хандидан нест», «мушкили рӯзгор хандидани онҳоро коҳиш додааст», кам нестанд. Ҳатто бархе бо заҳрханда мегӯянд, ки танҳо ба ҳоли зиндагии мушкили худашон механданд.

Дар Тоҷикистон, ки 1-уми апрел ба унвони Рӯзи ханда пазируфта шудааст, аксарият бо дурӯғи шӯхиомез гуфтан, ин рӯзро ҷашн мегиранд. Дурӯғе, ки баъзан маврид барои теъдоде гарон меафтад.

Ба ҳар сурат, дар Рӯзи ханда мо бо ҳадафи мушаххас кардани он, ки зиндагии имрӯз барои мардум иҷозаи хандидан медиҳад ва ё на, аз роҳгузарон суол кардем, ки «Оё хандаи онҳо камтар шудааст ё бештар?

XS
SM
MD
LG