Пайвандҳои дастрасӣ

"Sneaky shoes" ё "чешка"-пӯшии донишҷӯёни Техас


Муртазо Назаров

Муртазо Назаров

Ин матлабро ба мо устоди Донишгоҳи Техаси Иёлоти Муттаҳида Муртазо Назаров фиристод, то дар гӯшаи "Блогистон" ҷой диҳем.

Бо мутолиаи баҳсҳои марбут ба шеваи либос дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон беихтиёр аввалин дарсам дар Донишгоҳи салтанатии технологии Стокголми Шведсия ба ёдам омад.

Якуми сентрябри соли 2004. Мо, магистрҳое, ки аз ҳама гӯшаю канори ҷаҳон омада будем, дар аудитория мунтазири профессор менишастем. Дарс бояд соати 9 сар мешуд. Тақрибан 10 дақиқа пеш аз 9 ба аудитория як мард ҳамроҳи дучархааш даромад. Марди миёнасол, дар чашмаш айнаки сиёҳ, дар сараш кулоҳи дучархаронӣ, дар танаш шими ҷинс ва футболкаи хеле обшуста дошт. Баъди ба синф даромаданаш, ин мард кулоҳашро аз сар гирифту ба фармони дучархааш овехт. Муйҳои зардаш шонанохӯрда буданд ва баландии ришаш аз дур бараъло намоён буд. Мо фикр кардем, ки шояд ин мард ҳам донишҷӯ бошад?

Соат 9 шуд. Ҳамин марди дучархадор болои мизи омӯзгор тик-тик бо ангуштонаш заду диққати ҳамаро ба худаш кашид.

- Ман, профессор, Клаес Труггер ва ман ба Шумо дар фанни моделсозии риёзиёт дарс хоҳам дод.

Дар як лаҳза синф хомӯш шуд. Ҳама ба якдигар нигоҳ мекарданд, ки ин мард чӣ хел либос дорад, ришаш натарошида, либоси ба истилоҳ кӯчагӣ, обшуста ва дарзмолнашуда.

- Ба фикрам барои баъзеятон ин аввалин дарси шумо дар Шведсия ё Аврупост. Дуруст, пештар ҳам ба ман ҳамин хел нигоҳ мекарданд ва ҳатто мепурсиданд, ки чаро ман бо чунин сарулибос ба дарс омадам. Шарҳи оддии ман ҳамин аст, ки ман рӯзи дароз бояд дар тахтаи синф нависам. Барои ҳамин сару либосам баъд аз дарси аввал ифлос хоҳад шуд. Дувумаш, бо чунин либосе, ки ман дорам, худро хеле озод ҳис мекунам ва ҳамон энергияе, ки ба фикри либос сарф мекардам, сарфи кори илмии худ мекунам. Севум, сару либоси ман мувофиқи ахлоқи ҷамъият аст ва ин озодии ман аст.

Ин гуфтаҳои профессор Труггер солҳои дароз дар ёди ман мондааст. Тайи ин 9 соли охир ба тақрибан 15 давлати Аврупо сафар кардам, дар ҳеч куҷо надидам, ки донишгоҳе барои сару либос қоидае бароварда бошад. Ягона давлате, ки ба ин "қоидаҳо" аҳамият медиҳад Ҷопон аст. Моҳи апрели соли 2009 барои конфаронсе ба он ҷо даъват шудам ва ба Донишгохи Токиои Ҷопон рафтам. Ҳама як намуд шиму костюми сиёҳ ва галстук доштанд. Ин сарулибосро аксарияти мардум доштанд, на танҳо дар донишгох. Ҳамон ҷо аврупоӣ ё амрикоӣ бо либоси худ фарқ мекард. Ҳамон ҷо ончӣ, ки профессор Труггер гуфта буд, ахлоқи ҷамъият чунин сарулибосро тақозо мекунад ва ин на қонуну талаботи донишгоҳ аст.
Як устоди Донишгоҳи Токиоро пурсидам, ки оё пӯшидани чунин либос дар ин ҷо қонун ё қоидаи донишгоҳ аст? Дар ҷавоб ӯ хандакунон гуфт, ки бубин, касе касеро маҷбур намекунад, ин хел қоида умуман нест. Бале, донишҷӯ метавонад бо ҳар либосе, ки хоҳад, ба донишгоҳ ояд. Лекин ҳамон донишҷӣ баъди ба донишгоҳ омадан худро нороҳат ҳис мекунад, чунки у ягона шахсе хоҳад буд, ки бо ҷинс ба мактаб омадааст.

Лекин ягона давлате, ки то чанд вақт пеш он ҷо будам ва сару либосро ба қоидаи мактабӣ даровардаанд, Тоҷикистон аст. Ҳар сол вақте ба Тоҷикистон меоям, ба аёдати устодони худ дар донишгоҳи аввали хеш меравам. Ду сол пеш, соли 2011, хостам вориди бинои асосии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд шавам, ки дарбон роҳро бароям баст.

- Ин ҷо донишгоҳ аст, оғилхона не! Раву шими сиёҳ ва куртаи сафед, пойфзоли хуб ва галстук бипӯш. Ҷинсу кутраи рахдоратро дар хонаат пӯш, боз шилопка дорӣ!

Бале, шиму костюм дорам, лекин агар хато накунам дар даҳ соли охир, ба ғайр аз баъзе тӯйҳо, се бор онро ба бар карда будаму халос. Бори аввал вакте дипломи мастериро, ки соли 2006 дар бинои шаҳрдории Стокголм медоданд, дуюм бораш рӯзи дифои рисолаи литзензиат дар соли 2009 ва бори савум рузи дифои рисолаи докториям дар соли 2011 сару либоси, бо истилоҳи дарбон «қоидавӣ» доштам. Ин буд, ки ба зиёрати донишгоҳи худам имконият нашуд.

Дирӯз субҳ, вақте ки аз истгоҳ то ҷои кор қадам мезадам, касеро, ки медидам, ҳисоб мекардам. Дар 7 дақиқаи роҳ тақрибан ҳазор саду даҳ касро шуморидам. Роҳ аз истгоҳ то факултаи математикаи Донишгохи Техас аз ҳавлии донишгоҳ мегузарад, яъне ҳама касоне, ки шумурдам ё донишҷӯ буданд ё устод. Аз ҳамин ҳазору саду даҳ нафар тақрибан 60% шими ҷинс доштанд. Такрибан 10% шими сабук ё ба точикии имрӯза «бридж», боқимонда 30% шими кӯтоҳ ё "шортик" пӯшида буданд. Дар бари зиёда аз 90% футболкаи сабук одатан бо нишони донишгоҳ "Техас А&М" ва боқимонда 10% куртахои рах-рах доштанд. Аз он шахсоне, ки дидам, касе кафши пошнабаланд надошт. Касе шиму костюм, галстук ҳам надошт. Тақрибан ҳама кафши пошнааш паст доштанд, ки инро ин ҷо «sneaky shoes” мегӯянд ва мумкин аст ин ҳамон "чешка»-и Тоҷикистон аст.
Донишгоҳи Техас тақрибан 50 000 донишҷӯ дорад. Дар он ҳам муаллим таёр мекунанд, ҳам ҳуқуқшинос, ҳам инженеру ҳам иқтисодчӣ.

Бар замми ин, аз рӯйи мушоҳидаҳои ман танҳо декани факулта либоси расмӣ мепӯшад. Дигар профессорон сару либоси сабук, ҷинс, ё пахтагин мепӯшанд.

Ин ҷо касеро аз рӯйи либосаш баҳо намедиҳанд, дониш, малака, таҷриба зарур асту халос. Донишҷӯёне, ки ба дарси ман меоянд, агар вазифаҳои пешашон гузоштаро дар вақташ иҷро кунанд, имтиҳонро хуб супоранд, ана ҳамон барои ман ва факулта зарурист, на либосашон.
Мақсаду орзуи ҳар донишҷӯ соҳиби касбу кор шудан аст, ҳар коргоҳ сараввал донишу иштироки донишҷӯро баҳо медиҳад, на сару либосашро. Баъд худи ӯро барои вохӯрӣ даъват мекунанд. Бино бар ин, вакте чунин мақолаҳоро мехонам ҳайрон мешавам. Ахлоқи ҷамъияти мо, тоҷикон, дар дараҷаи муайян аст, касе бараҳна ба таълимгоҳ намеояд. Беҳтар он мешуд, ки ба донишу ақлу заковати донишҷӯён аҳамият медодем, на ба сару либос! Вақте чунин мақолаҳоро мехонӣ, фикр мекунӣ, ки шояд дар Тоҷикистон дигар масъалаи актуалӣ намонда бошад? Магар илму маърифат хеле пеш рафта бошад, ки вақти гарони худро бо тафиши пошнаи пойфзол сарф мекунем? Пагоҳ ҳамин sneaky shoes-дорон, ҳамин фуболкаю ҷинспӯшон ба Миррих мераванд, аммо мо то ҳол бо масъалаҳои пошна, рӯсариву рӯймол, тоқию кулоҳ, сумкаву галстук ва ришу фаш саргармем. Бояд берун аз ҳошия фикр кард!

Муртазо Назаров,
устоди Донишгоҳи Техас
Коллеҷ Статион
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG