Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Хатлон заҳри морро коркард мекунанд


Дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон корхонаи вижаи коркарди заҳри мор, ки дар риштаи беҳдоштӣ талаботи зиёд дорад, ба фаъолият шурӯъ кард.

Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Мину-фарм», ба қавли коршиносон, аввалин корхонаи коркарди заҳри мор дар водии Вахш аст. Гуфта мешавад, ин коргоҳ дорои дастгоҳи муосири истеҳсолӣ буда, дар навбати аввал 15 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва 60 нафар бо шуғли мавсимӣ таъмин шудаанд.

Масъулони «Мину-фарм» ба радиои «Озодӣ» гуфтанд, барои содироти маводи нодири тавлидотии корхона ба берун аз кишвар бо чанде аз ширкатҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ рӯйи даст доранд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки аз соли гузашта то ба имрӯз дар қаламрави вилояти Хатлон 140 корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ ифтитоҳ шудааст. Дар роҳандозии ин коргоҳҳо ба ҷуз сармояи давлат, ҳамчунин, доираҳои тиҷоратӣ низ ҷалб шудаанд. Ин корхонаҳо дастикам 3315 нафар сокини маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин кардаанд.

Имсол қарор аст, ки дар шаҳру навоҳии ҷануби Тоҷикистон наздики 200 адад коргоҳу корхонаҳои нави тавлидотӣ бунёд ва то 4,5 ҳазор нафар ба кор фаро гирифта шаванд. Бо мақсади мусоидат ба рушди соҳибкории хурду миёна дар вилояти Хатлон, ҳамчунин, наздики 7 миллион доллари амрикоӣ аз буҷаи Тоҷикистон ихтисос дода шудааст.
XS
SM
MD
LG