Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомбгузори маргталаб 5 нафарро дар Ироқ кушт


Мақомоти расмии Ироқ мегӯянд, як бомбгузори маргталаб бо ҳамла ба идораи пулис дар ноҳияи Тикрит, дасти кам 7 нафарро кушта ва 14 тани дигарро захмӣ кардааст. Ба гуфтаи мақомоти пулис, мошини бомбгузоришуда рӯзи душанбе дар ин назди идораи пулис дар ноҳия, воқеъ дар 180 километрии шимоли Бағдод мунфаҷир шудааст. Ҳеҷ гурӯҳе масъулияти бомбгузориро бар дӯш нагирифтааст, аммо ҳамлаҳои монанд дар гузаштаро кори дасти ҳалқаи Ал-Қоида дар Ироқ, гурӯҳи суннимазҳаби мавсум ба Давлатии Исломии Ироқ, медонанд. Ин гурӯҳ пайваста шиъаён ва онҳоеро ҳадаф гирифтааст, ки бо ҳукумати ба раҳбарии шиъамазҳабон дар Ироқ кор мекунанд.
XS
SM
MD
LG