Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои миёни ректор ва хабарнигори "Азия-Плюс"


Абдуҷаббор Раҳмонов, ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон.
Абдуҷаббор Раҳмонов, ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон.

Марҳабои Ҳоким, хабарнигори "Азия Плюс" мегӯяд, ба ягон амали ғайриҳирфаӣ даст назадааст.Аммо ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ рафтори ӯро шубҳабарангез медонад,

Марҳабои Ҳоким, хабарнигори "Азия Плюс", рӯзи 1-уми апрел бар асоси шикояти ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ Абдуҷаббор Раҳмонов ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт даъват шуд ва аз тарафи кормандони милиса мавриди бозпурсӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои "Азия Плюс", Марҳабои Ҳоким, хабарнигори ғайриштатии ин хабаргузорӣ, субҳи 1-уми апрел барои таҳқиқи ҳодисаи пурсарусадои "кафши пошнапаст ва пошнабаланд дар донишгоҳи омӯзгорӣ" ба бинои ин муассисаи таълимӣ омадааст ва аксбардориҳои ӯ ба вокуниши тунди ректори донишгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов дучор гашт. Ректор аз дасти хабарнигор дастгоҳи аккосиро гирифта ва ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт шикоят бурдааст.

Аммо дар изҳороти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, ки аз тариқи емайл ба расонаҳо фиристода шуд, дар шарҳи ин ҳодиса омадааст, ки чун раҳбари ин таълимгоҳ чеҳраи бегонаро мебинад, ки ногаҳон расм гирифта, дастгоҳи аккосиро пинҳон медорад, ӯро ба наздаш хонда, хоҳиш мекунад, ки худро муаррифӣ намояд. Аммо пас аз даъват ба утоқи кории ректор маълум мешавад, ки Марҳабои Ҳоким, хабарнигори ғайриштатии "Азия Плюс" ҳуҷҷати тасдиқкунандаи журналистӣ надорад.

Дар ҳамин ҳол хабарнигори "Азия Плюс" мегӯяд, ки вакили дифоъ гирифтааст, то аз ҳуқуқҳои худ ҳимоят кунад. Ба гуфтаи вай, дар ҷараёни ин қазия ҳуқуқҳои ӯро адвокати шинохта Шуҳрат Қудратов ҳимоя хоҳад кард. Марҳабои Ҳоким бо берун шудан аз бинои шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар нимарӯзи 1-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар робита ба шикояти ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов кормандони милиса ӯро мавриди пурсиш қарор доданд ва ӯ низ асли воқеаро нақл намуда, баёнот додааст.

Абдуҷаббор Раҳмонов зимни шикояти худ навиштааст, ки фаъолияти нодуруст ва ғайриқонунии хабарнигор дар бинои Донишгоҳи омӯзгорӣ баррасӣ карда шавад. Марҳабои Ҳоким мегӯяд, ки дар ҷараёни таҳқиқи ин масъала аслан ба ягон амали ғайриҳирфаӣ даст назадааст. Вай пас аз аксбардорӣ аз чанд донишҷӯдухтар ба назди ректор омада ва хостааст, бо ӯ низ суҳбат кунад, вале Абдуҷаббор Раҳмонов бо ӯ бо лаҳни тунд сухан гуфтааст.

Аммо Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар изҳороти худ иддаои хабарнигорро беасос хонда мегӯяд, «муносибати сарвари ин таълимгоҳ бо ин нафар нарм ва дар доираи одоби инсонгароӣ сурат гирифтааст. Инро кормандони амнияти донишгоҳ, як қатор муаллимон ва гурӯҳе аз донишҷўён, ки шоҳиди ҳол буданд, метавонанд тасдиқ намоянд. Суҳбат дар ҳузури сардори шуъбаи корҳои дохилӣ низ дар чорчӯбаи қонун буд.»

Ба қавли Марҳабои Ҳоким, бино бар рӯшан ва мушаххас зикр нашудани шикояти ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ дар ариза зимни суолу ҷавоб кормандони милиса чӣ пурсиданашонро надонистаанд. Вай афзуд, ки дар шуъбаи корҳои дохилӣ бо ӯ ором ва бидуни таҳдид суҳбат кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, бахши навбатдории шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ шикояти ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон алайҳи хабарнигори "Азия Плюс"ро таъйид карда, гуфтаанд, ки ин қазия аз сӯи раҳбарашон пайгирӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG