Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико ҷангандаҳои F-22-ро ба Куриёи Ҷанубӣ фиристод


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои ширкат дар тамринҳои низомии муштарак бо Куриёи Ҷанубӣ ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва пешрафтаи F-22-ро ба ин кишвар фиристодааст. Ҳавопаймоҳои F-22 Raptors, ки дар радарҳо аён намешаванд, аз пойгоҳи Амрико дар Ҷопон ба Куриёи Ҷанубӣ фиристода шудаанд. Куриёи Шимолӣ рӯзи 30 март эълон кард, ки “дар ҳоли ҷанг” бо Куриёи Ҷанубӣ қарор дорад ва воҳидҳои мушакиаш, Куриёи Ҷанубӣ ва Амрикоро ҳадаф гирифтаанд. Ҳафтаи гузашта ду бомбаандози B-2-и Амрико дар идомаи тамринҳо дар нимҷазираи Куриё парвоз карданд, ки инро Куриёи Шимолӣ як ҳаракати иғвобарангез хонд. Танишҳо дар нимҷазираи Куриё, баъди моҳи феврал ва баъд аз он авҷ гирифт, ки Куриёи Шимолӣ бори саввум озмоиши ҳастаӣ анҷом дод ва Амрикову Созмони Милал таҳримҳо алайҳи он кишварро сахттар карданд.
XS
SM
MD
LG