Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон дар Непал бозӣ мекунад


Аз 2-юм то 6-уми апрел дар пойтахти Непал – Катманду мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи «С» байни футболбозони синнашон то 14-сола баргузор мешавад.

Баъди он ки дастаҳои мунтахаби наврасони Узбакистон ва Ҷазоири Молдив аз ширкат дар ин мусобиқа даст кашиданд, дар гурӯҳи “С” чаҳор тими мунтахаб – Афғонистон, Бутан, Непал ва Тоҷикистон рақобат мекунанд.

Футболбозони навраси тоҷик таҳти раҳбарии сармураббӣ Раҷаб Расулов нахуст 2-юми апрел бо тими Бутан, 4-уми апрел бо дастаи мизбон – Непал ва 6-уми апрел бо мунтахаби Афғонистон бозӣ хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ меёбанд. Дар ҳамин ҳол мусобиқа дар ду гурӯҳ ба анҷом расидааст. Дастаҳои мунтахаби Ироқ аз гурӯҳи “А” ва Арабистони Саудӣ аз гурӯҳи “В” ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни наврасон, ки соли 2014-ум баргузор мешавад, роҳхат гирифтанд.

Мусобиқа дар гурӯҳи “D” (Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Туркманистон ва Қирғизистон) аз 23-юм то 29-уми апрел, дар гурӯҳи “Е” (Бруней Доруссалом, Малайзия, Мянмар, Филиппин ва Тимор Лесте) аз 28-уми май то 3-юми июн, дар гурӯҳи “F” (Бангладеш, Камбоҷа, Индонезия, Лаос, Сингапур ва Тайланд) аз 28-уми май то 3-юми июн, дар гурӯҳи “G” (Чин, Тайван, Гуам, Кореяи Ҷанубӣ ва Марианаи Шимолӣ) аз 20-уми апрел то 26-уми апрел ва дар гурӯҳи “H” (Кореяи Шимолӣ, Ҳонконг, Ҷопон, Макао ва Муғулистон) аз 11-ум то 17-уми апрел баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG