Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

АНМН фасодхонаро барҳам зад


Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар қаламрави пойтахт дар ҷараёни тафтиш ва татбиқи маълумоти фаврӣ фасодхона барои истеъмоли воситаҳои нашъадорро ошкор намудаанд, ки дар як хонаи хусусӣ ташкил шуда будааст.

Ба иттилои сомонаи агентии мазкур, соҳиби ин хона сокини 30-солаи шаҳри Душанбе буда, дар ҷараёни боздошт дар хона 3 нафар дар ҳолати сархушӣ аз истеъмоли мухаддирот қарор доштаанд. Ҳангоми аз назар гузаронидани хона кормандони агентӣ якчанд сӯзандору бо маводи мухаддирро кашф намудаанд, ки барои истеъмол омода шуда буд.

«Ҳамаи моддаҳои ошкоршуда дар шоҳидии шахсони холис мусодира ва барои ташхис ирсол карда шуданд. Дар айни замон агентӣ ҷузъиёти рӯйдодро мавриди таҳқиқ қарор додааст ва санҷиши нигаҳдории фасодхона идома дорад», - мегӯяд манбаъ.
XS
SM
MD
LG