Пайвандҳои дастрасӣ

«Корношоямӣ»-и YouTube мушкили фанӣ будааст


Сомонаи YouTube, ки аз рӯзи ҷумъа ба ин тараф ворид шудан ба он номумкин буд, субҳи имрӯз дар ҳамаи провайдерҳо боз шудааст. Ассомиддин Атоев, раиси Анҷумани ширкатҳои таъминкунандаи хадамоти интернетӣ, рӯзи душанбеи 1-уми апрел ба радиои «Озодӣ» гуфт, субҳи имрӯз дастрасӣ ба сомонаи YouTube дар Тоҷикистон дубора имконпазир гардид. Вай афзуд, ки бинобар мушкили фаннӣ тайи ду рӯзи ахир ворид шудан ба ин сомона аз тариқи ширкатҳо фароҳамкунандаи интернетӣ мушкил шуда буд ва ҳоло аз тариқи ҳамаи провайдерҳо ворид шудан ба он имконпазир аст.
XS
SM
MD
LG