Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон баргузор мешавад


Аз 2 то 9 апрели соли равон дар Тоҷикистон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор мегардад. Фестивали мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар доир мешавад. Ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар рафти ҷашнвора баргузории намоиши китобҳои тозанашр ва дастранҷи бачаҳо, вохӯрӣ бо адибон, барномаҳои консертӣ бо иштироки хонандагони мактабҳо ва маҳфилҳои адабӣ дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG