Пайвандҳои дастрасӣ

"5 ҳазор сарбоз моҳона сафҳои нерӯҳои амниятии афғонро тарк мекунанд"


Тибқи як гузориш, беш аз панҷ ҳазор сарбоз моҳона суфуфи нерӯҳои амниятии Афғонистонро тарк мекунанд.

Тибқи гузориши рӯзномаи "Independent", чопи Лондон, мақомҳои Бритониё мизони феълии тарки сарбозонро таъйид кардаанд.

Тибқи омори нав, гуфта мешавад ки аз ҳар даҳ сарбози нав, ки истихдом мешаванд, се сарбоз бинобар бархӯрд, асир ё кушта шудан дар ҷараёни амалиёт, нопадид мешаванд. Бар асоси ин гузориш, вазорати дифои Бритониё ҳушдор додааст, ки тарк кардани сарбозони афғон аз сафҳои артиш, пойдории нерӯҳоро дар оянда ба хатар рӯбарӯ месозад.

Вазорати умури хориҷии Бритониё ҳам тарки нерӯҳои афғонро таъйид карда ва гуфтааст, ки шумори нерӯҳое ки сафҳои артиши миллии Афғонистон, нерӯҳои марзӣ ва пулисро тарк мекунанд, сабаби фирори маҳоратҳо шудаааст.

Генерал Муҳаммад Зоҳир Азимӣ, сухангӯи вазорати дифои Афғонистон.

Генерал Муҳаммад Зоҳир Азимӣ, сухангӯи вазорати дифои Афғонистон.

Аммо генерал Муҳаммад Зоҳир Азимӣ, сухангӯи вазорати дифои Афғонистон мегӯяд, ки аввал, омори ироашуда дар ин гузориш дақиқ нест ва дуввум, ин ки масъала он қадар ҷиддӣ нест, ки артиши миллии Афғонистонро ба хатар рӯбарӯ бисозад.

Бар асоси гузоришҳо, мақомҳои вазорати умури хориҷии Бритониё ибрози нигаронӣ кардаанд, ки нерӯҳои пулиси афғон ҳанӯз оғӯштаи фасод, порахӯрӣ ва сӯиистифода аз маводи мухаддир мебошад.

Дар гузориши вазорати умури хориҷии Бритониё ҳамчунин омадааст, ки агар раҳбарони Афғонистон дар мавриди решакан сохтани фасоди идорӣ дар сафҳои пулиси миллии Афғонистон ноком шаванд, нигаронӣ дар мавриди сарнавишти Афғонистон ва аз байн бурдани Толибон вуҷуд дорад. Дар гузориши рӯзномаи "Independent" омада, ки нокомии нерӯҳои амниятии Афғонистон, махсусан барои нерӯҳои байналмилалии кӯмак ба амният, мушкилсоз аст.

Бар асоси гузоришҳо, шумори нерӯҳои артиши миллии Афғонистон ба 175 ҳазор мерасад, ки 12 ҳазор камтар аз андозаи таъйин шудаи он аст. Ба ҳамин тартиб, пулиси миллии Афғонистон ҳафт ҳазор камтар аз 157 ҳазор нерӯе аст, ки қаблан аз сӯи раҳбарони нерӯҳои эътилоф таъйин шуда буд. Нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ тӯли 12 соли ахир миллиардҳо доллар барои тақвияти нерӯҳои амниятии Афғонистон масраф кардаанд. Нерӯҳое, ки баъд аз хуруҷи сарбозони хориҷӣ аз Афғонистон дар поёни соли 2014-и мелодӣ барои барқарории амният дар ин кишвар нақши калидӣ доранд.
XS
SM
MD
LG